Ҳушдори КҲФ аз тӯфони гарду ғубори рӯзҳои оянда. ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар иттилоъ медиҳад, ки тибқи маълумоти обуҳавошиносон, рӯзи 28 апрели соли 2025 дар як қатор ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво эҳтимоли омадни селҳо вуҷуд дорад.

Илова бар ин, аз 30 апрел то 2 майи соли ҷорӣ дар манотиқи ҷанубу ғарбӣ ва марказии вилояти Хатлон, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бинобар тағйирёбии обу ҳаво тӯфони гарду ғубор пешгӯӣ мешавад.

Бар асари омилҳои метеорологӣ (гарду хок) олудагии ҳаво бо моддаҳои беруна, ҳиссачаҳо, ки  10 мкм (Rm-10) ва 2,5 мкм (Rm-2,5)-ро ташкил хоҳад дошт, дар назар аст.  

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолии кишвар муроҷиат мекунад, ки ба касоне, ки аз бемориҳои дилу раг ранҷ мекашанд ва ё гирифтори касалиҳои қанд мебошанд, диққат диҳанд. 

Чанд тавсия ба аҳолӣ барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш дар чунин ҳолатҳо:

1. Бештари оби тоза нӯшед, ҳатто рӯзе на камтар аз 2-2,5 литр ва аз ин агар 0,5 литр оби минералӣ бошад, боз хубтар.

2. То ҳадди имкон тирезаҳои хонаатонро пӯшед. Агар шумо мехоҳед ҳавои хонаро тоза кунед, пас бидонед, ки бадтарин лаҳзаҳо соатҳои аввали субҳанд, вақте ҳамаи модаҳои муаллақи хатарнок ба нишаст ба замин мутамарказ мешавад.  Наздик ба нисфирӯзӣ қисмати болоии замин гарм мешавад ва зери таъсири ҳавои гарм ин модаҳои муаллақ боло мераванд. Ғайр аз ин шумо метавонед тирезаҳои худро бо докка ва ё тур бипӯшед ва хатари вуруди ҳар гуна модаи хатарнок кам мешавад. Аммо ҳамвора онҳоро бояд намнок нигоҳ доред.

3. Ҳамешаву пайваста ҳавои дохили хонаро поку тоза нигоҳ доред, бо латтаи нарму нам тоза кардани фарш ва тирезаҳоро фаромӯш накунед.

4. Духтурон дар ин гуна рӯзҳо пӯшидани ҳар гуна айнакҳои иртиботиро иҷозат намедиҳанд. 

Ба онҳое, ки гирифтори бемориҳои зиққи нафас ва роҳи нафасанд тавсия дода мешавад:

  • меъёри доруҳои истеъмолиро дар ин рӯзҳо коҳиш надиҳед;
  • ҳамеша бо худ ингляторҳо дошта бошем; 
  • агар талабот ба ингляторҳо аз 4-6 маротиба дар як рӯз зиёд шавад, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед.

 

 Дар ҳоли пеш омадани ҳолати фавқулода ба телефони 112 ва ё дар қисми навбатдории КҲФ: 223-13-11; 93 880 28 19 занг занед.

барчасп: