КҲФ: Хатари лағзиши тарма, сел ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо то 11-уми апрел боқӣ мемонад
Чоп шуд: 10/04/2025 | redaktor
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки 11 апрели соли 2025 бар асари боришот дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд хатари лағзиши тармаӣ боқӣ монда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии ҷумҳурӣ (ба истиснои қисмати шарқии ВМКБ) омадани селҳо имконпазир аст.
Ҳамчунин бар асари боронҳои пуршиддат хатари болоравии сатҳо об дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва рӯдхонаҳои нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор