Партоби 12 мушак ба сӯи абрҳои жолазои минтақаҳои Ҳисор ва Турсунзода

Бо мақсади ҳифи зироатҳои кишоварзӣ аз бориши жола аз соати 22:58 дақиқа то 23:50 дақиқаи рӯзи 9-уми апрели соли равон Хадамоти зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се самти қаламрави шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода хатарро бартараф карданд.

Бино ба гузориши Хадамоти жола дар тӯли вақти ёдшуда бо истифода аз партоби 12 мушак ба сӯи абрҳои жолазои минтақаҳои Ҳисор ва Турсунзода хатари зарар ба киштаҳои кишоварзӣ бартараф карда шуд.  

барчасп: