Activities calendar

18 апрели 2025

КҲФ: Хатари омадани сел то 20-уми апрел боқӣ мемонад. ЭҲТИЁТ КУНЕД!

18 апрели соли 2025 наздик ба соати 03.00 субҳ дар километрҳои 0,5, 2,4,21,22 ва 24 роҳи мошингарди Душанбе-Лаби Ҷар-маркази ноҳияи Сангвор сел омад. Бар асари ин офат ин қитъаҳои роҳ муваққатан барои ҳаракати мошинҳо номумкин гардид.

Барои бартараф сохтани пайомадҳои офати табиӣ техникаи махсус ва кормандони хадамоти роҳ сафарбар карда шуданд. 

Рӯзи мудофиаи гражданӣ дар Ҳисор

Тибқи Нақшаи чорабиниҳои асосӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2025 ва дар доираи якмоҳаи «Рӯзи мудофиаи гражданӣ» аз ҷониби кормандони Бахши Кумита дар шаҳри Ҳисор дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ машқҳои мудофиаи гражданӣ гузаронида мешаванд.

 Кормандони шуъбаи ҳолатҳои фавқулодда дар якҷоягӣ бо хонандагон ва ҳайати омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии No51-и деҳаи Ҷавонони ҷамоати деҳоти Дурбат ин машқҳоро ташкил ва гузарониданд.

Баррасии паёмадҳои заминларзаи Рашт дар маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

17 апрел таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар маҷлис, ки бо иштироки аъзои Ҳукумат, роҳбарони мақомоти дахлдор ва раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ҷараён гирифт, масъалаи дақиқ муайян намудани оқибатҳои заминҷунбӣ дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ва бартарафсозии онҳо баррасӣ гардид.