18 апрели соли 2025 наздик ба соати 03.00 субҳ дар километрҳои 0,5, 2,4,21,22 ва 24 роҳи мошингарди Душанбе-Лаби Ҷар-маркази ноҳияи Сангвор сел омад. Бар асари ин офат ин қитъаҳои роҳ муваққатан барои ҳаракати мошинҳо номумкин гардид.
Барои бартараф сохтани пайомадҳои офати табиӣ техникаи махсус ва кормандони хадамоти роҳ сафарбар карда шуданд.
Дар ин ҳодисаҳо талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Ҳамчунин боронҳои пуршиддат сабаби омадани сел дар қаламрави ноҳияи Лахш шуд. Сел роҳи байни деҳаҳо дар ҷамоатҳои деҳоти Лахш ва Лахши болоро масдуд кард.
Дар айни замон корҳои бартарафсозии паёмади сел идома дорад.
Аз километри 305 то 325 роҳи мошингарди Душанбе-Дарвоз-Хоруғ, ки аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз мегузарад, бар асари сели омада масдуд шуда, равуои мошинҳо қатъ шудааст.
Дар ин минтақа низ корҳои рафъи паёмадҳои сел башиддат идома доранд.
Ёдовар мешавем, ки хатари омадани селҳо дар навоҳи кӯҳиву наздикӯҳӣ то 20-уми апрел боқӣ мемонад.