Activities calendar

22 апрели 2025

Талошҳо барои рафъи паёмадҳои зилзила дар Рашт

Ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи 21-уми апрели  соли 2025, бо супориши ситоди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Рашт дар деҳаҳои зарардидаи  ҷамоати деҳоти Аскалон ва ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак бо ёрии аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳотии Боқӣ Раҳимзода, Нусратулло Махсум, шаҳраки Навобод, Қалъанак, Ҷафр, Ҳиҷборак, Аскалон, Қалъаи Сурх ва кормандони соҳаи маориф дар умум 260 нафар бо ҷалби 11 техника 5 адад 

Заминларзаи дигар дар Рашт. Вайрониву талафоти ҷонӣ нест

22-уми апрели соли 2025 соати 10:04 дақиқа дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора аз Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои ҶТ хабар доданд.

Бино ба гузориши манбаъ маркази заминҷунбӣ 166 киллометр шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 29 километр шарқтари ноҳияи Рашт, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буд

Қувваи заминларза дар маркази он 4 балл, дар Рашт 2-3 баллро ташкил дод.

Ин зилзила дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе сабт нашуд.

Талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар надошт. 

 

Сафари кории Сарвазири кишвар ба Тоҷикобод

Имрӯз Сарвазири мамлакат  Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои заминларза дар ноҳияи Рашт шинос шуда, бо мардуми аз офати табиӣ зарардида дар назди манзилҳои истиқоматӣ  суҳбат намуд.

Зимни суҳбати озод бо аҳолӣ онҳоро бовар кунониданд, ки бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва расонидани ҳама гуна кумакҳои саривақтӣ таҳти назорати қатъии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Рӯйдодҳои рӯзи гузашта дар кишвар

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар вазиши бодҳои сарду шадид, боронҳо пуршиддат, омадани селҳо ва резиши санг ба қайд гирифта шуд.

Чунончӣ, 21-уми апрели соли равон соати 09:50 дақиқаи субҳ дар километрҳои 423 ва 427 роҳи мошингарди Душанбе-Дарвоз-Ванҷ-Хоруғ, ки аз ҳудути мавзеъи Оташак то Зелолак, деҳаи Чапараки ҷамоати деҳоти Водихуди ноҳияи Ванҷ мегузарад, резиши санг ба қайд гирифта шуд. Бар асари ин сангрезиш роҳ баста гардид.