Ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи 21-уми апрели соли 2025, бо супориши ситоди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Рашт дар деҳаҳои зарардидаи ҷамоати деҳоти Аскалон ва ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак бо ёрии аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳотии Боқӣ Раҳимзода, Нусратулло Махсум, шаҳраки Навобод, Қалъанак, Ҷафр, Ҳиҷборак, Аскалон, Қалъаи Сурх ва кормандони соҳаи маориф дар умум 260 нафар бо ҷалби 11 техника 5 адад (боркунаки фронталӣ, 3 адад экскаватор адад 5 автомашинаи боркаш) сафарбар шуда, хонаҳои пурра зарардида 34 адад пурра тахту ҳамвор карда шуда хонаҳои қисман зарардида 50 адад тахту ҳамвор шуда дар 22 хонаи дигар корҳои тахту ҳамворкуни идома дорад.
Рӯзи 20-21 апрел ба масофаи 7 км тахту ҳамвор намудани роҳҳои автомобилгарди маҳаллии байни деҳаҳои зарардидаи ҷамоати деҳоти Аскалон ва ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак ба масофаи 550 метр сангфарш намудани мавзеҳои харобгаштаи роҳҳо бо ҷалби 6 адад техникаи хадамоти роҳу ва нақлиётии ноҳия идома дорад.
Бояд қайд намуд, ки дар минтақаҳои зарардида аз тарафи мутахассисони шабакаҳои барқи ноҳия, оиди таъмини неруи барқ корбари намуда, шахсони масъули шабакаҳоии барқи ноҳия барои таъмини рушнои дар хаймаҳои шаҳрвандон дар мавзеъҳои зарардида фаъолият доранд.
Ба ноҳия барои оилаҳои зарардида маводҳои хурока аз тарафи Барномаи Озуқаи Чаҳонӣ ба миқдори 13 тона орд, 520 литр равған ва 1,3 тонна гарох аз шаҳр Роғун ва ноҳияи Лахш маводҳои хурока ва хоҷагидори ворид гашта дар анборҳо фароварда ҷо ба ҷо карда шуданд. Барои фаровардани маводҳо 10 сарбози қисми ҳарбии 45075-Кумита сафарбар шуданд. Рӯзи 21 дар 14деҳаи зарардида аз тарафи аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳотҳо хуроки гарм тайёр намуда, ба аҳолии зарардида тақсим карда шуд.