Activities calendar

15 апрели 2025

Кумакҳои Пешвои миллат ба зарардидагони заминҷунбӣ дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод

15 апрел дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони заминларзаи ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод кумакҳои иборат аз хӯрокворӣ, ашёи хоҷагидорӣ ва масолеҳи сохтмонӣ фиристода шуд.

Хотиррасон менамоем, ки 13 апрели соли 2025, соати 09:24 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба амал омад. Қувваи ларзиши замин дар марказаш, ки дар масофаи 160 км самти шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе ва 21 км самти шарқ аз маркази ноҳияи Рашт қарор дошт, 5-6 балл ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод.

Ҳалокати ду ноболиғи ғарқшуда дар Тоҷикобод

Дар ҳудуди деҳаи Сафедмуни ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Оби ноҳияи Тоҷикобод як ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шуд, ки бар асари он ду ноболиғ ҷон бохтаанд.

14-уми апрел тахминан соати 11 ду писарбачаи 4 ва 6-сола, ки бе назорати волидону калонсолон монда буданд, дар оби рӯди Шӯрак ғарқ шуданд. 

Барои пайдо кардани ҷасади ноболиғон имдодгарони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар минтақаи Рашт фаврӣ корҳои ҷустуҷӯву наҷот роҳандозӣ карданд.