Дар ҳудуди деҳаи Сафедмуни ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Оби ноҳияи Тоҷикобод як ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шуд, ки бар асари он ду ноболиғ ҷон бохтаанд.
14-уми апрел тахминан соати 11 ду писарбачаи 4 ва 6-сола, ки бе назорати волидону калонсолон монда буданд, дар оби рӯди Шӯрак ғарқ шуданд.
Барои пайдо кардани ҷасади ноболиғон имдодгарони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт фаврӣ корҳои ҷустуҷӯву наҷот роҳандозӣ карданд.
Ҷасади писараки 6-соларо фаврӣ пайдо карданд. Писари 4-сола бошад, соати 6-и субҳи рӯзи 15-уми апрел 200 метр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо шуд.
Имдодгарон ҷасадҳоро ба волидонашон супурданд.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи таслият ба пайвандони ғарқшудагон як бори дигар таваҷҷуҳи волидонро ба он ҷалб мекунад, ки фарзандони ноболиғи худро танҳо нагузоранд. Бахусус, дар соҳили обҳо ҳузур пайдо кардани кӯдакон бе раҳнамоии калонсолон ҳамеша хатар дорад.