Рӯйдодҳои рӯзи гузашта дар кишвар

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар вазиши бодҳои сарду шадид, боронҳо пуршиддат, омадани селҳо ва резиши санг ба қайд гирифта шуд.

Чунончӣ, 21-уми апрели соли равон соати 09:50 дақиқаи субҳ дар километрҳои 423 ва 427 роҳи мошингарди Душанбе-Дарвоз-Ванҷ-Хоруғ, ки аз ҳудути мавзеъи Оташак то Зелолак, деҳаи Чапараки ҷамоати деҳоти Водихуди ноҳияи Ванҷ мегузарад, резиши санг ба қайд гирифта шуд. Бар асари ин сангрезиш роҳ баста гардид. Барои бартараф кардани паёмади офат техника ва кормандони хадамоти роҳ сафарбар шуд ва соати 14:12 дақиқа барои равуои мошинҳо дар ин роҳ имконпазир шуд. 

Дар натиҷаи тағйири дамои ҳаво ва башиддат об шудани  барфи дар қуллаҳои кӯҳҳои ҷамъшуда  соати 10:43 дар километри 29-уми шоҳроҳи аҳамияти ҷумҳуриявӣ водии Рӯшон-Бартанг, ки аз ҳудуди мавзеъи Шавазуди ноҳияи Рӯшон мегузарад, сел омад. Дар натиҷа роҳ муваққатан баста шуд. Дар айни замон корҳои рафъи паёмадҳои ин офат идома дорад. 

21 апрели соли 2025, соати 19:45 шамоли сахт боми манзили истиқоматии  як сокини деҳаи Делох, ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замирови ноҳияи Ишкошимро ба зер афканд. Ҳоло Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад. 

Бар асари ҳодисаҳои ёдшуда талафоти ҷонӣ сабт нашудааст.

барчасп: