9 апрели соли 2025 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии Муовини Раиси Кумита генерал-майор Латифзода Ҳотамшо бо коршиносони самти сайёҳии Швейтсария - Тим Гампер – роҳбари Ширкати консалтинговии ассотсиатсияи “Гампер Смит”, Михаил Шамшидов – Директори Платформаи “Самарқанд туризм Форум”- Ҷумҳурии Узбекистон ва Олим Алимурзаев – Директори Ширкати сайёҳии ҶДММ “Тавр” Тоҷикистон баргузор гардид.
Муовини якуми Раиси Кумита зимнан маълумоти муфассал оид ба мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон, масоҳат ва 93% кишварро куҳ ташкил медиҳад ва ҳаҷми зарари офатҳои табиӣ маълумот манзкур намуданд. Ҳамзамон оид ба кули “Сарез” ва ташрифи сайҳони хориҷӣ ба ин мавзеъ ва саҳми Кумита ва фаъолияти Раёсати масъалаҳои кули “Сарез”ахбороти манзур намуданд. Муовини якуми Раиси Кумита ҷиҳати ҳамкориҳо бо Кумитаи сайёҳӣ ахборот дода, қайд намуданд, ки дар идора намудани сайёҳон ҷиҳати сафар намуданашон ба минтақаҳои хавфнок чораҳои пешгирикунанда бояд андешид.
Инчунин, масъалаи дармонии сайёҳон дар баландкӯҳҳо, дастрасӣ ба сайёҳон, имкониятҳои маҳдуди расидан то ба назди сайёҳон, интиқоли ҷасадҳо аз баландкӯҳҳо, ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудани наҷотдиҳандагон зимни бурдани корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот, муайян намудани хатсайри сайёҳон изҳори нигаронӣ гардид.
Ҳамзамон, аз ҷониби муовини якуми Раиси Кумита иттилоъ дода шуд, ки моҳи майи соли ҷорӣ баргузории Конфронси сатҳи байналмилалӣ дар масъалаи обшавии пиряхҳо дар ш.Душанбе ба нақша гирифта шудааст, ки мавзуи асосии он ин теъдоди умуммии пиряхҳо зиёда аз 3000, ки аз он 1000 ададаш ба обшави омада расидааст ва таъмини 60% оби нӯшокии минтақаи Осиёи Марказӣ, роҳҳои пешгирии обшавии пиряхҳо ва таъсири хушкшавии баҳри Арал, шинонидан 2 млрд. дарахтон ҷиҳати таъсири чангу ғубор ба обшавии пиряхҳо мавриди муҳокима қарор гирифт.
Роҳбари Ширкати консалтинговии ассотсиатсияи Гампер Смит ҷаноби Тим Гампер барои қабули самимӣ ва баррасии масъалаҳо изҳори миннатдорӣ намуд.
Ҳамзамон иттилоъ манзур намуд, ки баъди баррасии масъалаҳои мазкур ва ҳалли эҳтиёҷотҳои мавҷуда зарурати амали намудани Лоиҳа дар хусуси шароити беҳбудии сайёҳон ва расонидани кумаки саривақти ба онҳоро ташкил намуд.
Зимнан ҷаноби Тим Гампер дар масъалаи расонидани кумакҳо ба сайёҳон, мушкилиҳои кор бо сайёҳон, теъдоди зиёд омадани сайёҳон ба кишвар, истифодаи имкониятҳои технологии замони муосир ҷиҳати назорати сайёҳон масъалагузорӣ намуд.