Бо мақсади амалисозии Нақша-чорабаиниҳои асосии Кумита дар соли 2025 ва Нақшаи пуррагардонии омӯзиш дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 7 то 9 апрели соли 2025 бо дараҷаи “Ҳайати роҳбарикунанда”-и вазорату кумитаҳо ва ташкилоту идораҳои ҷмуҳурӣ курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ баргузор карда шуд.
Дар ифтитоҳи курси мазкур сардори Сарраёсати мудофиаи гражданӣ – полковник Вализода Х. иштирок ва баромад намуданд. Баъдан аз ҷониби кормандони Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумита мавзӯҳои омӯзишӣ дар шакли рунамо, суҳбат, намоиш ва саволу ҷавоб бароҳ монда шуданд, ки барои шунавандагони курси мазкур писанд омад.
Дар ин чорабинӣ роҳбарияти Вазорати фарҳанг, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи рушди маҳал, Саридораи бойгонӣ, Агентии Тоҷикстандарт ва дигар идораҳо иштирок намуданд.
Бояд қайд намуд, ки давоми соли ҷорӣ аллакай ин дуюмин курси кӯтоҳмуддат аст, ки дар он ҳайати роҳбарикунандаи вазорату кумитаҳо иштирок менамоянд ва он барои амалӣ намудани ҳадаф ва вазифаҳои дар “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2034” дарҷ гардида мусоидат менамояд.
Чунин курсҳои кӯтоҳмуддат дар оянда низ барои дигар дараҷаҳои шунавандагон ба нақша гирифта шудааст.