Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳриДушанбе рӯзи 10 –уми апрели слои 2025 тахминан соати 00:38 дақиқа аз сабаби бориши зиёди борон сел ба ҳавлии як шаҳрванди кӯчаи Назирбекови ноҳияи Фирдавсӣ даромад. Фавраннаҷотдиҳандагони ДМЗН-ӣ Раёсати Кумита даршаҳри Дуҳанбе ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, ҳолати баамаломадаро бартараф намудаанд.
Шаҳри Ҳисор
10 апрел тахминан соати 04 субҳ бар асари боронҳои пуршиддат сел дар деҳаи Шӯроби шаҳри Ҳисор ду қитъаи наздиҳавлигии сокинонро аз об пур кард. Барои бартараф кардани ҳолати баамаломада корҳо идома доранд.
Ноҳияи Рӯдакӣ
10 апрели соли 2025 тахминан соати 04:00 субҳ борони пуршиддат сабаби омадани сел дар деҳаи Дараи ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ шуд. Дар натиҷа қитъаҳои замини наздиҳавликии як қатор сокинон қисман бо лою лойоба пур шуд. Корҳои рафъи паёмадҳои сел идома доранд ва ҳамзамони Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия ҳаҷми зарари арсидаро муайян мекунад.
Ноҳияи Сангвор
9-уми апрел тахминан соати 10-и субҳ дар ҳудуди деҳаи Тавилдараи ноҳияи Тавилдара бар асари болоравии сатҳи оби рӯди Гурбок сел омад. Дар натиҷа об қитъаҳои замини наздиҳавлигии бисёре аз сокинонро аз об пур кард. Сокинони ҳавлиҳа бо талоши кормандони шуъбаи Кумита дар Сангвор ба зудӣ ба ҷойи амн интиқол дода шуданд. Ҳоло ҳолати сатҳи оби рӯдхона мушоҳида мешавад ва корҳои соҳилбандӣ дар ҷойҳои осебпазир дар ҷараёнанд.
ВМКБ. Ноҳияи Рӯшон
9 апрел соати 06:50 дақиқа дар километри 478-уми роҳи Душанбе –Хоруғ, ки аз ҳудуди деҳаи Вознавди ҷамоати деҳоти ба номи М.Абдулвосиев мегузарад ва ҳамчунин дар километрҳои 535 ва 576-и ҳамин роҳ сел ба қайд гирифта шуд.
Барои тоза кардани китъахои ин рох се воҳиди техникаи вазнини муҳандисӣ истифода бурда мешавад. Дар натиҷаи роҳандозии корҳои поксозӣ дар айни замон ҳаракати нақлиёт таъмин шуд. Корҳои рафъи оқибатҳои сел дар километри 478-уми деҳаи Вознавд идома дорад.
Ғайр аз ин дар ҳудуди деҳаҳои Дерушон ва Барушони ноҳияи Рӯшон низ боронҳои пуршиддат сабаби омадани селҳо шуданд. Дар натиҷа лою лойоба ба таҳхонаи 6 сокини ин деҳот ворид шудааст.
Ҳамчунин дар километрҳои 50, 51, 52, 53, 54 ва 55-и роҳи ҷумҳуриявии Рӯшон-Бартанг, ки аз ҳудуди деҳаи Разудж то мавзеъи Шобекабади ҷамоати деҳоти Бартанг мегузарад, 13 ҳодисаиомадани сел ба қайд гирифта шуд.
Дар айни замон корҳои бартараф сохтани паёмадҳои селҳо идома доранд.
Ноҳияи Ишкошим
9 апрели соли 2025 тахминан соати 10-и субҳ дар километрҳои 52 ва 57-уми роҳи мошингарди ҷумҳуриявӣ, ки аз мавзеъи Колукӣ ва деҳаи Вогзии ҷамоати деҳоти Қозидеҳ мегузарад, сел омад. Дар натиҷа роҳ муваққатан баста шуд.
Барои роҳандозии корҳои рафъи паёмадҳои офати табиӣ техникаи махсуси хадамоти роҳи ноҳия ҷалб карда шуд ва соати 12 роҳ барои ҳаракати мошинҳо имконпазир гардид.
Ноҳияи Шуғнон
9 апрели соли 2025 соати 12:37 сел дар километрҳои 13 ва 22-уми роҳи мошингарди байни деҳаҳои Вружак ва Нишуспи ҷамоати деҳоти ба номи Ғарибшоҳ Шоҳбозовро баст.
Барои бартараф кардани паёмадҳои он як техникаи хадамоти роҳ ҷудо шуд ва мушкил рафъ гардид.
Дар селҳои ду рӯзи охир талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд.
КҲФ ёдовар мешавад, ки хатари селу тармаву обхезӣ ва резиши санг то 11-уми апрел боқӣ мемонад! ЭҲТИЁТ КУНЕД!