КҲФ: Хатари лағзиши тарма, сел ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо то 11-уми апрел боқӣ мемонад

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки 11 апрели соли 2025 бар асари боришот дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд хатари лағзиши тармаӣ боқӣ монда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии ҷумҳурӣ (ба истиснои қисмати шарқии ВМКБ) омадани селҳо имконпазир аст.

Ҳамчунин бар асари боронҳои пуршиддат хатари болоравии сатҳо об дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва рӯдхонаҳои нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор болоравии сатҳи об вуҷуд дорад. 

Дар робита ба бартараф нашудаи хатари лағзиши тармаву резиши санг Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба шаҳрвандон муроҷиат мекунад ва даъват менамояд, ки чораҳои бехатарии шахсиро риоя намуда, аз чорвочаронӣё дар чарогоҳҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо, сайру гашт дар кӯҳҳо, ҷамъоварии ҳезум, ба шикор ва моҳидорӣ худдорӣ намоянд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хотиррасон мекунад, ки аз сафар ба минтақаҳои хатарнок худдорӣ намуда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд ва ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ суръати ҳаракати мошинҳоро боло набаранд ва фосилаи байни мошинҳоро риоя кунанд.

барчасп: