26 – уми апрели соли ҷорӣ наздик ба соати 19:00, як сокини 18-солаи ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон бо ҳамсинфонаш ҳангоми занбӯруғчинӣ дар минтақаи кӯҳи Ховалингиён, ки дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин воқеъ мебошад, аз сабаби рияо накардани қоидаҳои бехатарӣ дар ҷарии умқаш 250 метр сарозер шудааст.
Ҳамроҳонаш фаврӣ ба наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда муроҷиат карданд ва корҳои ҷустуҷӯиву имдод оғоз шудааст.
27-уми апрел соати 06:00 ҷасади ҷавон пайдо ва ба волидонаш супурда шуд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи таслият ба пайвандони ҳалокшуда як бори дигар аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад ҳангоми будубош дар кӯҳу пушта қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд.