Ин шабу рӯз дар саросари кишвар аксияи “Тоҷикона мепӯшем” идома дорад. Бонувони кишвар бо либосҳои миллӣ сайри кӯчаву хиёбонҳо мекунанд ва бо ин васила лисбоси миллиро тарғибу ташвиқ мекнуанд.
26-уми апрели соли 2025 бонувон-кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо намояндагони дигар вазорату идораҳо ва ташкилоту созмонҳо дар як аксия ширкат ва дар ҳудуди боғи ба номи Алишери Навоӣ бо пӯшиши рангоранги миллӣ гаштугузор карданд.
Ҳадаф аз ин иқдом, чуноне ёдовар шудем, таблиғи либоси миллӣ аст, ки ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги миллии мост.