Тарма дар Рӯшон

9-уми апрели соли 2025 соати 06:50 дақиқа дар километри 492-уми роҳи  Душанбе – Ванҷ – Рӯшон – Хоруғ, ки аз қаламрави деҳаи Возванди ҷамоати деҳоти Муминшоҳ Абдулвосиев мегузарад, лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд.

Барои роҳандозии корҳои бартарафсозии паёмадҳои ин офати табиӣ техникаи махсуси хадамоти роҳи ноҳия ҷалб шуд. Бар асари ин ҳоди талафоти ҷонӣ нест. Роҳа муваққатан баста аст. 

Кумитаи ҳолатҳои фаввқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар мешавад, ки дар натиҷаи боришоти шадиди рӯзҳои охир хатари лағзиши тарма, резиши санг ва ҳатто яхбандӣ дар навоҳии ВМКБ, кӯҳҳои водии Ҳисор, ҳамчунин роҳҳои  мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, Душанбе - Рашт -Лахш, Душанбе-Сангвор, Кӯлоб– Дарвоз, Ванҷ -Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб вуҷуд дорад.

Аз сокинон ва бахусус ронандагони мошинҳо хоҳиш карда мешавад қоидаҳои бехатариро дар роҳҳо ҷиддан риоя кунанд.  

 
барчасп: