8 апрели соли 2025 соати 19:29 ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи алангаи сӯхтор дар кӯчаи ба номи Шарифҷон Ҳусейнзода, бино 18 воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт хабар расид.
Сӯхтор дар ошёнаи 8-уми бинои 12-ошёна оғоз шуда, ба ошёнаи 9-ум гузаштаст. Кормандон техникаи сӯхторхомӯшкунии хадамоти зидди сӯхтори ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаврӣ ба ҷойи ҳодиса расидаанд.
Наҷотдиҳандагони Кумита ва сӯхторхомӯшкунандагон 6 нафар сокинони бинои оташгирифтаро ба ҷойи амн интиқол доданд, ки яке аз онҳо тифли ширхори семоҳа буд. Чор нафари дигар занон, бошандагони ҳамин бино буданд.
Бо талошҳои ҳамагонӣ сӯхтор хомӯш карда шуд. Мақомоти дахлдор сабабҳои онро таҳқиқи мекунанд.
Талафони ҷонӣ бар асари ин ҳодиса ба қайд гирифта нашудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт муроҷиат мекунад, ки барои роҳ надодан ба ҳодисаҳое мисли сӯхтор қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд.