Мусоидати илмӣ-технологии Академияи илмҳои Чин дар мавриди пешгирии офатҳои табии вобаста ба об

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Маркази тадқиқотии экология ва ҳифзи муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)-и Академияи илмҳои Тоҷикистон оид ба мониторинги интеллектуалии офатҳои табиии вобаста ба об семинар баргузор намуд.

Семинар, ки дар Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии КҲФ дар Душанбе баргузор шуд, барои табодули амиқ ва муҳокимаи истифодаи технологияҳои пешрафта, аз қабили зеҳни фосилавӣ ва мониторинг бо истифода аз системаи навигатсионии моҳвораии BeiDou/GNSS дар ҷилавгирӣ аз офатҳои табиии марбут ба об дар паҳнои Помир замина фароҳам овард.

Дар семинар коршиносони Пажӯҳишгоҳи экология ва ҷуғрофиёи Шинҷони Академияи илмҳои Чин системаи инноватсионии мониторинги офатҳои табиии марбут ба об ва огоҳии барвақти Чин, аз ҷумла зеҳни дурдасти воқеӣ, мониторинги системаи навигатсионии моҳвораи BeiDou/GNSS, платформаи таҳлили интеллектуалии маълумоти бузурги метеорологӣ ва технологияҳои дигарро муаррифӣ карданд. Онҳо инчунин аз таҷрибаи худ оид ба пешгирии офатҳои табиӣ дар минтақаҳое, ки шароити ҷуғрофии якхела доранд, аз қабили Тиён-Шони Чин нақл карданд.

Зимни муҳокима ҷониби Тоҷикистон дар бораи мушкилот дар самти пешгирии лағзиши тарма, ки бо релефи мураккаби кӯҳистонии Помир-Олай алоқаманд аст ва хатари тарма таҳдиди ҷиддиро ба инфрасохтор, аз ҷумла ба нақлиёт ва захираҳои обӣ ба вуҷуд меорад, муфассал суханронӣ кард. Коршиносони тоҷик таъкид кардаанд, ки “93 дарсади қаламрави Тоҷикистон бо кӯҳҳо пӯшида шудаанд ва офатҳои табиии вобаста ба об ба амнияти коммуникатсияҳои нақлиётӣ, зербиноҳои энергетикӣ ва аҳолии кишвар таҳдид мекунанд”. 

Семинари ташкилшудаи табодули иттилоот ба коршиносони тоҷик барои дарки амиқтар дар бораи имконоти фаннии Чин дар мониторинг ва огоҳии барвақт аз офатҳои марбут ба об кумак мекунад ва ҳамчунин ба тими чинӣ имкон медиҳад, ки хусусиятҳои муҳити ҷуғрофии Тоҷикистонро беҳтар дарк кунанд.

Қарор аст, ки ҷонибҳо дар оянда табодули маълумот ва густариши ҳамкориҳоро дар заминаи ҷилавгирӣ аз хатароти табиӣ ва коҳиши хисороти офатҳои табиӣ идома диҳанд. .

Дар ин нишаст аз муассисаҳои зерини Академияи илмҳои Чин иштирок карданд: 

• Маркаази имлӣ-таҳқиқотии экология ва ҳифзи муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) АМИТ, 

• Институти экология ва географияи СинзяниАкадемияи илмҳои Чин, 

• Институти Шимолу-Ғарбии ҳифзи муҳити атроф ва захираҳои Академияи илмҳои Чин,  

• Маркази миллии стандартизатсияи вақти Академияи илмҳои Чин.

 

барчасп: