10 апрели соли 2025 аз соати 13:00 то 13:45 дақиқа кормнадони Хадамоти зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чанд мавзеъ бо партоби мушакҳои “Аллазан” абрҳои жолазоро пароканда карданд.
Чунончӣ, кормандони Хадамоти зидди жола бо партоби 36 мушаки зидди жола дар ҳашт минтақа абрҳои жолазоро парешон карданд ва ҳазорҳои гектар киштзорро дар шаҳри Турсунзода, ноҳияҳои Ёвон, Данғара ва Ҷалолуддини Балхии вилояти Хатлон аз хатари жола ҳифз карданд.