Мулоқоти Раиси КҲФ бо иҷрокунандаи вазифаи сардори UN FAO дар Тоҷикистон

10 апрели соли 2025 вохӯрии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо ҳайати Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) таҳти сарварии Иҷрокунандаи вазифаи Сардори Созмони озуқа ва кишоварзии СММ (UN FAO) дар Тоҷикистон  ҷаноби Агаси Арутюнян баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак оид ба ҳифзи зироатҳои кишоварзӣ баррасӣ шуданд. Дар чаҳорчӯби масъалаҳои баррасишуда ҷонибҳо масъалаҳои муҷаҳҳазсозии моддию техникӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандон ва табодули таҷриба дар ин самтро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ раиси Кумита ба ҷаноби Арутюнян барои сӯҳбати судманд изҳори сипос намуда, изҳори умедворӣ кард, ки чунин мулоқотҳо минбаъд низ мунтазам баргузор хоҳанд шуд. «Баргузории чунин вохӯриҳо асоси ҳамкории бомуваффақияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва Созмони Милали Муттаҳид оид озуқа ва кишоварзӣ мегардад», - қайд кард роҳбари генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ.