Мулоқот бо Сафири Ҷумҳури Туркия дар Тоҷикистон

10 апрели соли 2025 вохӯрии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Умут Аҷар баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ Раиси КҲФ ба меҳмони олимақом дар бораи корҳое, ки дар самти идоракунии ҳолатҳои фавқулодда дар ҷумҳурӣ амалӣ карда мешавад, инчунин оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ бо сохторҳои дахлдори кишварҳои хориҷӣ дар ин самт маълумот дод.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти коҳиши хатари офатҳои табииро мавриди баррасӣ қарор дода, ҳамчунин, ҳамкориҳои минбаъда дар самти омодасозӣ ва бозомӯзии кормандони Кумита, беҳбуди заминаи моддию техникии Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаро баррасӣ намуданд.

Илова бар ин, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо самтҳои эҳтимолии ҳамкорӣ ва пешниҳодҳо оид ба иқдомоти минбаъдаро низ баррасӣ намуданд.