Сели рӯзи гузашта дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ

10 апрели соли 2025 боронҳои пуршиддат сабаби омадани селҳо ва болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои қаламрави вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ шуд.

Ноҳияи Рӯдакӣ

Чунончӣ,  10-уми апрел соати 04:00 дақиқа бар асари борони пуршиддат  сел дар деҳаи Дараи ҷамоати деҳоти Роҳатӣ 3 ҳавлӣ ва хоҷагии ёрирасони се сокини ин деҳаро аз обу лой пур кард.

Худи ҳамон рӯз селе, ки аз пуштаҳои атрофи деҳаҳои Турдиев ва Мавҷи ҷамоати деҳоти Турсунзода ҷорӣ шуда буд, майдони кишт ва таҳхонаи 18 хонаи истиқоматиро пур аз об кард.

Дар деҳаҳои Кишоварз ва Комсомоли ҷамоати деҳоти Зайнабобод сел роҳи байни деҳаҳо, майдонҳои кишт, таҳхонаи 10 хонаи истиқоматӣ ва хоҷагиҳои ёрирасонро аз лойю об пур намуд. 

Ҳисор

10 апрел соати 04:40 бар асари боронҳои пуршиддат дар ҳудуди деҳаи Шӯроби ҷамоати деҳоти Сомонии шаҳри Ҳисор сел омад ва чор таҳхонаи хонаи истиқоматӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони сокинони деҳа зери об монд.  Барои роҳандозии корҳои рафъи паёмадҳои офати табиӣ наҷотдиҳангони Кумита сафарбар шуданд, ки бо воситаи ду обкаш обро аз таҳхонаҳо берун кашиданд. 

Сангвор

10 апрели соли 2025 соати 08:15 дар километри 5-уми роҳи мошингарди Лабиҷар-маркази ноҳияи Санвор бар асари боронҳои пуршиддат сели азим роҳро баст. Барои рафъи паёмади ин офат 1 техникаи хадамоти роҳи ноҳия сафарбар карда шуд ва соати 12 : 07 дақиқа роҳ пурра аз селовардаҳо тоза ва ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шуд. 

Вилояти Хатлон

Ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ

10 апрели соли 2025 дар натиҷаи боронҳои шадид сел 13 хоҷагии деҳқонии деҳаи Кӯҳдоманро аз лою об пур кард. 

Ҳамчунин дар ҳамин рӯз дар деҳаи Обшорони ҷамоати деҳоти Меҳробод сел ба заминҳо кишти ду хоҷагии деҳқонӣ ворид шуд.  Дар маҷмуъ дар қаламрави ин ноҳия 33 гектар замини кишти пахта зарар дид. 

Дар айни замон корҳои бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ идома дорад ва Комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияҳои ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунанд.  

барчасп: