Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки дар як қатор ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то 22-юми апрел хатари омадани сел боқӣ мемонад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як бори дигар ба таваҷҷуҳи сокинон мерасонад, ки дар чунин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили обҳо барои моҳидорӣ, шикоргоҳ барои шикор, чорвочарониву ғунучини гиёҳҳои доруворӣ худдорӣ кунанд.
Кумита аз волидон бо эҳтиром хоҳиш мекунад фарзандонашонро беназорат нагузоранд ва иҷозат надиҳанд, ки дар чунин рӯзҳои сербориш ба соҳили обҳо раванд ва дар назди селроҳаву ҷӯву каналҳо бошанд!
Ғайр аз ин ҳавои номусоид, бодҳои шадид, раъду барқ ва боронҳои пуршиддат метавонад сабаби хароб гардидани хатҳои интиқоли қувваи барқ, шикатану рӯи роҳ уфтодани дарахтон, зарар дидани бомпӯшҳои сокинон, шикастан ва ё афтодани сутунҳои сустниҳоди рекломҳо ва ғайра шавад.
Аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ басо эҳтиёткор бошанд. Суръати ҳаракатро боло набаранд ва фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя кунанд.