21 –уми апрели соли 2025 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ҳайати Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Қирғизистон бо сарвари вазири он генерал-майор Ажикеев Бообек Эргешевич ба ҳузур пазируфт.
Дар доираи барномаи диду боздидҳои худ аз КҲФ ҷаноби Ажикеев Бообек Эргешевич бо кори Маркази идоракунии зиддибуҳронии Кумита шинос шуд.
Дар оғози мулоқот раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда қайд кард, ки Ҷумҳурии Қирғизистон дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда шарики муҳими Тоҷикистон мебошад. Дар мулоқот масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби СҲШ дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷонибҳо ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳо, аз қабили пешгӯии равандҳои эҳтимолии офатҳои хатарноки табиӣ, системаҳои огоҳсозии бармаҳал ва вокуниш ба таҳдидҳо ва ҳолатҳои фавқулодда таъкид карданд. Раиси Кумита генерал-полковник Раҷабалӣ Раҷабалӣ ташкил ва гузаронидани машқҳои муштарак, таҳияи харитаи роҳ ва табодули таҷриба байни кормандонро пешниҳод намуд.
Дар ҷараёни сафари ҳайати Қирғизистон дар чаҳорчӯби “Ташаббус барои таҳкими субот дар манотиқи марзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон” миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулода Ҷумҳурии Қирғизистон Ёддошти муштараки ҳусни тафоҳум ба имзо расид.
Пас аз мулоқот ҳайати Қирғизистон аз Пойгоҳи миллии таълими наҷотдиҳандагон дидан кард.