Ду ғарқшуда дар Хатлон, яке 9-сола, дуюмӣ 19-сола
Чоп шуд: 22/06/2022 | redaktor
Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иттилоъ дод, ки ҷасади як ноболиғе дар канали Ҷайҳун пайдо шудааст, ки 8 рӯз пеш нопадид шуда буд.
Дар хабар омадааст, ки ин писарбача, ки сокини кӯчаи Мирзоқодирови шаҳри Бохтар буд, ҳамагӣ 9 сол дошт.