Рӯзи 14 марти соли 2023, санҷиш ва расонидани кўмаки амали – методӣ ва машғулиятҳои намунавӣ бо ҷалби коргарон ва хизматчиёни Маркази бемориҳои сили вилояти Хатлон доир ба соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ гузаронида шуд.
Мақсади гузаронидани санҷиш ва расонидани кўмаки амали – методӣ дар мавзуъҳои Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон “Дар бораи мудофиаи гражданӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусуситяти табиӣ ва техногенӣ”, инчунин баланд бардоштани савияи дониши кормандон ҳангоми ба амал омадани офатҳои табиӣ ва дуруст ба роҳ мондани машғулиятҳои ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз тарафи шахсони масъул, амалисозии қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, ба нақшагирии дурусти тадбирҳои огоҳкунӣ ва бартарафкунии ҳодисаҳои ҳолатҳои фавқулодда буд.