Рӯзи 29-уми декабри соли равон Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷамъомади таълимӣ – методии якрўза бо сардорони Ситодҳои мудофиаи граждании хадамотҳо, ташкилоту муассисаҳо, иншоотҳои иқтисодӣ ва зернизомҳои вазифавии Низоми ягонаи давлатии вилояти Хатлон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда гузаронид.
Мақсади баргузории санҷиш ва омўзиш дар мавзӯъҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» ва Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ» инчунин баланд бардоштани савияи дониши кормандони ниҳодҳои ёдшуда ҳангоми ба амал омадани офатҳои табиӣ ва тарзи дуруст ба роҳ мондани машғулиятҳо доир ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ аз тарафи шахсони масъул, амалисозии қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, банақшагирии дурусти тадбирҳои огоҳкунӣ ва бартарафсозии ҳодисаҳои фавқулодда буд.