Ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар Хатлон

20 декабри соли 2022 таҳти роҳбарии муовини раиси вилояти Хатлон – муовини раиси Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба ҳолатҳои фавқулодда А. Қурбонзода, аъзоёни комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи  вилоят, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ҳайати шахсии Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон ва воҳидҳои сохтории он бо ҷалби 92 нафар ҷаласаи Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба ҳолатҳои фавқулодда гузаронида шуд.

Дар ин ҷаласа иҷрои санадҳои амалкунанда дар самти ҳолатҳои фавқулодда ва натиҷаҳои фаъолияти Комиссия дар соли 2022 барраси гардида омодагӣ ва ба нақшагирии чорабиниҳо  ва   вазифаҳо  барои  соли  2023  қабул  гардид.

 

Ҷ. Маҳмадзода, Сардори Раёсат, полковник