КҲФ-Хатлон: Боздид аз паёмадҳои офати тибиӣ

Санаи 10 июни соли 2026, Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва сардори Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон полковник Саидов Сайдаҳмад ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи баамаломада бар асари офати табиӣ ба ноҳияи Панҷ сафар намуда, аз маҳалҳои зарардида боздид намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 5 июни соли ҷорӣ дар натиҷаи сар задани офати табиӣ ба як қатор ҳавлиҳои истиқоматии сокинони ноҳия об ворид гардидааст.

Раиси вилоят ба масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сохторҳои ҳолатҳои фавқулода, идораҳои соҳавӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои дахлдор дастур доданд, ки корҳои бартарафсозии паёмадҳои офати табииро ҳарчи зудтар ба анҷом расонида, барои таъмини амнияти сокинон, барқарор намудани инфрасохтори осебдида ва ҳалли саривақтии мушкилоти мавҷуда тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Корҳои бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ дар ноҳияи Панҷ идома дошта, вазъият таҳти назорати мақомоти дахлдор қарор дорад.