Бар асоси дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кумак дар рафъи паёмадҳои заминларза дар Туркия 50 нафар наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Туркия фиристода хоҳанд шуд.
Ҳамаи ин 50 нафар касоне мебошанд, ки дар корҳои садамавиву наҷот омӯзиш дидаву таҷрибаву малакаҳои заруриро доро мебошанд.
Дар ин ҳайат мутахассисони баландихтисос, духтур-ҷарроҳ ва травматологи соҳибтахассус шомил шудаанд.
Ҳамроҳ бо дастаи имдодгарон ҳамчунин аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитсон ёрии башардӯстонаи ашёи ниёзи аввал низ фиристода хоҳад шуд.