Ҳушдори КҲФ аз вуруди ҳавои сарду боронии сибирӣ ба Тоҷикистон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки дар натиҷаи вуруди як ҷараёни ҳавои сард аз Сибири Ғарбӣ рӯзи 25-уми феврал дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаву ноустувор дар назар дошта шудааст.

25 феврал дар ноҳияҳои наздикӯҳии вилояти Хатлон, навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ барфу борони пуршиддат меборанд ва дамои ҳаво 10-12 дараҷаи коҳиш меёбад. 

Рӯзҳои 24-26 феврали соли 2023 хатари лағзиши тарма, резиши санг дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва қисмати ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон, дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Чаноқ, Нуробод-Сангвор, Душанбе-Хоруғ, Хоруғ-Шуғнон, Хоруғ-Роштқалъа ва Хоруғ-Ишкошим боқӣ мемонад.

Дар натиҷаи бориши пуршиддати борон эҳтимоли дар як қатор ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, ғарби ВМКБ ва ноҳияҳои наздикӯҳии вилояти Хатлон омадани сел вуҷуд дорад. 

Рӯзҳои  25-26 феврал дар дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва рӯдхонаҳое, ки дар қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷойгиранд, эҳтимоли болоравии сатҳи об вуҷуд дорад.

Бо мақсади пешгирӣ аз хатарҳои эҳтимолии омадани сел Кумита аз аҳолии кишвар хоҳиш мекунад сари вақт селроҳаҳо ва ҷӯйборҳоро аз ҳар гуна хасу хошоку сангу рег, ки монеъи ҷорӣ шудани об дар маҷрои худ мешаванд, тоза кунанд. 

Ғайр аз ин Кумита огоҳ мекунад, ки ба асари барфу боронҳои пуршиддат хатҳои интиқоли қувваи барқ метавонанд аз ҳам гусаста шаванд ва ин боиси қатъи интиқоли барқ гардад. Эҳтимоли бар вазнинии барфи тар шикастани дарахтон, зери фишори барфи тар зарар дидани бомҳо, пояҳои сустниҳоди рекломҳо вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, чун аз кӯча гузар мекунед, талош намоед зери ин гуна иншоотҳо қарор нагиред.

Кумита ҳамчунин анҷоми корҳои кишоварзӣ, рафтан ба шикоргоҳ, моҳидорӣ, ғунучини ҳезумро ҳам дар ин рӯзҳо тавсия намедиҳад.

Худдорӣ кардан аз ин ҳама таъмини бехатарии худи шумост! 

барчасп: