Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта аз зери вайронаҳои шаҳри Қаҳрамонмаръаши Туркия 16 ҷасади ҳалокшудагонро берун овраданд, ки 8 нафари онҳо кӯдакон буданд. Аз аввали оғози корҳои ҷустуҷӯву наҷот имдодагарони тоҷик ҷасади 196 куштаи заминларзаи Туркияро аз зери харобаҳо берун овардаву ба мақомоти дахлдор супурданд.
Ҳамчунин се нафарро зинда наҷот доданд, ки ду нафари онҳо тифлон буданд.
Наҷотдиҳандагони тоҷик дар шароити хеле душвор кор мекунанд. Бо эҳтиёт бардоштани оҳану бетон, бартараф кардани сангу хоки рехта ва расидан то ҷасадҳо ҳам вақти зиёд мегирад ва ҳам эҳтиёткории фавқулодаро талаб мекунад.
Бо гузашти рӯзҳои зиёд имкони пайдо кардани зиндаҳо зери вайронаҳо хеле кам аст. Вале умедҳо ҳанӯз зиндаанд, эҳтимоли он вуҷуд дорад, ки касе шояд беёду ҳуш, вале ҷон дар тан боқӣ монда бошад.