ФАВРӢ: Тармаҳо роҳҳоро мебанданд, селҳо ба таҳхонаҳои сокинон медароянд

Ҷойе барфи пуршиддат боиси лағзиши тарма мешавад, ҷойи дигар борон ба сел табдил мегардад, об дар каналу ҷӯйборҳо намеғунҷад ва ба таҳхонаи сокинон ворид мешавад. Ҳамаи ин ҳодисаҳои ҳамин рӯзанд, ки дар ноҳияҳои гуногун рух доданд.

Батафсилтар:

Ноҳияи Шуғнон

Соати 12:14 дақиқаи имрӯз, 17 – уми феврал дар натиҷаи бориши пуршиддати барф  дар километри 512 роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ – Шуғнон, ки аз деҳаи Бидури ҷамоати деҳоти Сучон мегузарад ва соати 12:50 дақиқа дар километри 650-и ҳамин роҳ, ки аз Вуж убур мекунад, ду тармаи бузург роҳи мошингардро пурра баст.  

Ноҳияи Дарвоз

17 феврали соли 2023 соати 09:40 бо вақти маҳаллӣ дар километри 352 роҳи мошингарди  Душанбе-Дарвоз-Хоруғ, ки аз деҳаи Умараки ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб мегузарад, бар асари боронҳои басо пуршиддат сели азим роҳи мошингардро баст.

Дар ҷойи ҳодиса техникаи Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ фаъол аст ва паёмадҳои онро бартараф мекунад. 

Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ. Ноҳияи Лахш

17.02.2023 соати 11:10 дақиқа боронҳои пуршиддат сабаби пур шудани канали обёрӣ шуд. Дар натиҷа оби аз канал беруншуда ба таҳхонаи се хонаи истиқоматӣ дар ҷамоати деҳоти Сари Тол ва ду таҳхонаи сокинони деҳаи Думбрасози ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Лахш ворид шуд.

Дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулода фаъолият мебарад. Ин ҳодиса талафоти ҷониву харобии дигар надошт.

Худи ҳамин рӯз соати 09:10 дақиқа дар километри 252 роҳи мошингарди Ваҳдат – Лахш боронҳои пуршиддат сабаби омадани сел дар маконе бо номи Дуғоба шуд.

Баъди бартараф кардани ҳолати бавуҷудомада, роҳ барои ҳаракати мошинҳо боз шуд.

Боз ноҳияи Лахш

17 феврали сол 2023 соати 12:10 дар километрҳои 292, 293 роҳи мошингарди  Душанбе-Ваҳдат-Лахш, марз бо Ҷумҳурии Қирғизистон, дар маҳалле бо номи Себистони ҷамоати деҳоти Сайлиободи ноҳияи Лахш бар асари барфи зиёд ду ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд.

Дар натиҷаи ин қисмати роҳ пурра бо ғарами барф пӯшида шуда, ҳаракати мошинҳо қатъ гардид. 

Ноҳияи Варзоб

17 феврали соли 2023 соати 09:22 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километри 65, соати 13:22 дақиқа дар километри 67-и роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб се тармаи калон роҳро баст.

Дар ҷойи ҳодиса техникаи хадамоти роҳ фаъолият дорад. Ҳодиса талафоти ҷониву хисорати дигар надошт.

барчасп: