69 ҳодисаи лағзиши тарма дар як шабонарӯз. Шумори куштагони тарма 17 нафар эълон шуд

Tarma

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар 69 ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Шумори қурбониёни тарма ба 17 нафар расид. Барф дар навоҳии кӯҳиии ВМКБ ба шиддат меборад. Хатари тарма ва резиши санг рафъ нашудааст. Роҳҳо аксаран бастаанд. Табиат бераҳмона зиндагии мардумро ба мушкил рӯбарӯ месозад.

Чунончӣ, 16 – уми феврали соли 2023 дар қаламрави ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Роштқалъа, Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ 44 ҳодисаи омадани тарма ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа роҳҳои мошингарди  Душанбе – Дарвоз - Хоруғ, Рӯшон - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ –Мурғоб массдуд шуданд..

16 – уми феврали соли 2023тахминан соати 15:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар деҳаи Гожаки ҷамоати деҳоти Ғарибшои ноҳияи Шуғнон бар асари лағзиши тарма як духтари 16-сола ба ҳалокат расид. Ҷасади ӯро аз зери барфтӯда берун оварданд ва ба хешовандонаш супурданд.

Субҳи рӯзи 17 – уми феврали соли 2023 шумори  ҳалокшудагон дар тармарезиҳои ахир ба 17 нафар расид: 16 нафари онҳо дар ВМКБ ва 1 нафар ронанда дар роҳи мошингарди Душанбе – Варзоб.

Ғайр аз ин дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ 11 ҳодисаи лағзиши тарма, дар қаламраи ноҳияҳои Нуробод, Тоҷикобод, Сангвор ва Лахш 14 ҳодисаи тарма сабт шуд. Барои бартараф намудани паёмадҳои он тадбирҳои андешида мешаванд. 

Субҳи имрӯз аз баста будани роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд хабар расид. Барои рафъи ҳолатҳои ба миёномада корҳо идома доранд. 

Ҳамаи воҳидҳои наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли омодабоши қатъӣ қарор доранд. Онҳо дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд ва роҳҳои пурхатари дигар шабонарӯзӣ навбатдорӣ мекунанд. 

Бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон ҳавои сарду бориши барф то 19-уми  феврали соли равон идома мекунад ва вобаста ба ин хатари лағзиши тармаву регу санг ҳамоно боқӣ мемонад. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои тармахез худдорӣ кунанд. Сокинон шикор, моҳидорӣ, ғунучини ҳезум ва ғайраро ба вақтҳои муносиби дигар вогузоранд. 

Бахусус ронандагон бояд хеле эҳтиёткор бошанд ва агар рафту сафар кардан барояшон ҳатмӣ шуд, кулли қоидаҳои бехатариро риоя намоянд, фосилаи ҳаракат мошинҳо ҳар қадар бештар бошад, ҳамон андоза амнияти шумо таъмин аст.

барчасп: