Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо як ҳайат аз сохторҳои дигари давлатии кишвар ба ВМКБ рафт

Дар Хоруғ ва манотиқи дигар бар асари лағзиши тарма зарардида корҳои рафъи паёмадҳои он ба шиддати бештар идома дорад. Субҳи имрӯз бо супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расондани ёрии ҳамаҷониба ба оилаҳои зарардида ва бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ Комиссияи ҳукуматӣ бо роҳбарии раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода дар ҳайати намояндагони вазорату кумитаҳои дахлдор таъсис ёфта, ба самти ВМКБ сафарбар гардид.

Бино ба гузориши Ситоди вилоятии рафъи оқибатҳои офати табиӣ оилаҳое, ки манзилашон бар асари лағзиши тарма зарар дидааст, бо ҷойҳои муваққатии зист интиқол дода шуданд ва хӯроку дигар таҷҳизоти лозимӣ таъмин гардиданд.

Бо супориши роҳбарияти олии мамлакат ба ҳамаи зарардидагон кумаки якдафъаинаи зарурии молиявию моддӣ ва ғизоӣ расонда, пас аз муайян намудани ҳаҷми зарар манзилҳои истиқоматии зарардидаи сокинон ва дигар иншоотҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра барқарор карда мешаванд.  

Ҳоло ҳам дар қаламрави ВМКБ барф меборад, роҳҳои мошингард дар аксар самтҳои бастаанд ва ба хотири таъмини амнияти ронандагону мософирон дар қитъаҳои хатарнок постгоҳҳои иловагӣ бо ҷалби наҷотдиҳандагони КҲФ ва дигар сохторҳо ташкил карда шудаанд. 

Дар ҷаласаи фаврие, ки субҳи имрӯз сарвари вилоят Алишери Мирзонатот баргузор намуд, ба  масъулин супоришҳои ҷиддӣ дод ва онҳоро барои ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои вазнини ин офати табиӣ масъул донист. 

 Дар ҳамин ҳол аз шаҳри Хоруғ ва навоҳии дигар ВМКБ гузориш мерасад, ки ҳамроҳ бо наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нимдодгарони ихтиёрии Агентии Оғохон оид ба зистгоҳ ва дигар ризокорона аз ҷумлаи сокинони шаҳру ноҳияҳо барои бартараф намудани паёмадҳои офати табиӣ талош мекунанд.

барчасп: