ХЕЛЕ МУХТАСАР:
- Тарма дар Хоруғ 13 нафарро ҳалок кард, ки ду нафари онҳо ҳамагӣ ду сол доштанд.
- Дар роҳи ҷаноза ду сокини ноҳияи Ванҷ низ зери трама монданд: якеро наҷот доданд, дуюмӣ ҳамоно ҷустуҷӯ мешавад.
- Хатари тарма дар роҳҳои кӯҳии кишвар то 19-уми феврал идома мекунад.
15 – уми феврали соли 2023 тахминан соати 09:50 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар натиҷаи бориши шадиди барф болои хонаҳои истиқоматии сокинони маҳаллаи ба номи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ тарма фурӯд омад. Дар натиҷа 4 хонаи истиқоматӣ пурра, 35 хона ва 5 иншооти хоҷагӣ қисман хароб шуданд. 13 нафар ба ҳалокат расиданд, 12 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ карда шуданд.
Комиссияи вилоятии ҳолатҳои фавқулода ҳаҷми зарари расидаро муайян мекнуад.
Ҳамон рӯз тахминан соати 12:08 бо вақти маҳаллӣ миёни деҳаҳои Садвад ва Седи ҷамоати деҳоти Техаври ноҳияи Ванҷи ВМКБ як сокини 30-солаи ин деҳа зери тарма монд ва ҷон бохт. Сокини деҳа ҷасади ӯро берун оварданд ва ба соҳибонаш супурданд.
Соати 17:10 ду сокини деҳаи Хаспои ноҳияи Ванҷ, ки мехостанд ба ҷанозаи қурбонии тарма дар Садвад раванд, дар роҳ зери тарма монданд. Якеро наҷот доданд, вале дуюмӣ ҳамоно зери ғарами барф мондаву ҷустуҷӯи он идома дорад.
15 феврали соли 2023 тахминан соати 12:00 дар киломатри 65-уми роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб тарма як ронандаи 47-соларо ба ҳалокат расонд. Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷасади ӯро аз дохили мошини зеритармамонда берун оварданд.
Бино ба пешгӯии ҳавошиносон хатари лағзиши тарма дар роҳҳои кӯҳии кишвар то 19-уми феврал боқӣ мемонад.
Дар иртибот ба рӯйдодҳои охир Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳолӣ хоҳиш мекунад аз сафарҳои бидуни зарурат ба минтақаҳои пурбориши кӯҳӣ ва тармахез худдорӣ кунанд.