Хабаргузории машҳури Анадолуи Туркия аз наҷоти кӯдаки сесола ба дасти имдодгарони тоҷик навишт

Пайгоҳи хабарии туркӣ дар бораи наҷоти кӯдаки сесола

Хабаргузории саросарии Туркия Анадолу дар гузорише аз шаҳри Қаҳрамонмаръаши ин кишвар аз рӯйдоди дирӯз, наҷоти кӯдаки сесола ба дасти имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Ин хабаргузорӣ, ки аз ҷумлаи машҳуртарин хабаргузориҳои Туркия мебошад,  ахиран бо интишори расме навишт: Наҷот писари 3-сола баъди 158 соати заминларза дар Қаҳрамонмаръаш. Пас аз 158 соат дар минтақаи Оникисуботи шаҳри Қаҳрамонмаръаш наҷотдиҳандагон аз Тоҷикистон  як кӯдаки 3-соларо бо номи Явуз наҷот доданд. 
Ин писарчаи сесола баъди 158 соат аз зери вайронаҳо зинда берун оварда шуд ва бо мошини ёрии таъҷилӣ фавран ба бемористон ҷиҳати ташхису парасторӣ интиқол дода шуд. 
Наҷоти Явузро атрофиён бо кафткӯбӣ истиқбол намуданд. 
Хабаргузорӣ дар идомаи гузориши худ навиштааст, ки “ҳамчунин наҷотдиҳандагон аз Тоҷикистон дар 151-умин соати заминдларза аз зери шикастапораҳои як бинои истиқоматии 9-ошёна кӯдаки 4-солаеро ҳам зинда берун оварда буданд.  
Ин амалиётро дастаи наҷотбахшони тоҷик бо истифода аз дастгоҳи махсуси ҷустуҷӯи одамон дар вайронаҳо анҷом медиҳад.
Хабаргузории Анадолу дар идомаи ҳамин гузориш боз овардааст: Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 50 нафар имдогарон аз ин кишвар ба минтақаи офатзада равона карда шуданд. 
Шакри комили хабар бо суроғаи www.aa.com.tr қобили дарёфт аст.

 

барчасп: