12 феврали сол 2023 шаҳрдори шаҳри Қайсарии Ҷумҳурии Туркия ҷаноби Гокмен Чичек бо сарвари дастаи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал- майор Сулаймон Исозода мулоқот кард.
Қайсарӣ яке аз шаҳрҳои калонтарини Туркия ва маркази маъмурии вилояти Қайсарии ин кишвар мебошад. Ин шаҳр дар канори вулқони Арҷиос дар 5 километрии ҷанубу шарқи Анқара ҷойгир шуда, беш аз 1 миллиону 300 ҳазор аҳолӣ дорад.
Ин вохӯрӣ дар ҷойи кору фаъолияти наҷотдиҳандагон баргузор шуд ва ҷаноби Чичек ба имдодгарони тоҷик ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои талошҳояшон ҷиҳати рафъи паёмадҳои заминларзаи мудҳиш дар Туркия ва кумакҳои фаврӣ изҳори сипос намуд.
Шаби 12-уми феврали соли 2023 сардори Ситоди Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи Туркия ва намояндагони давлати Қатар дар Қаҳрамонмаръаш бо роҳбарони дастаи наҷоти КҲФ дидор ва гуфтугӯ карданд.
Сардори Ситоди Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи Туркия ба наҷотдиҳандагони КҲФ барои корҳои хуби анҷомдодаашон смимона изҳори ташаккур кард.