Санҷиши омодагиҳо ба мавсими оббозӣ дар вилояти Суғд
Чоп шуд: 04/05/2023 | adminКормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо мақсади фаъол гардонидани системаи хабардоркунӣ ва корҳои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар махзанҳои оби қаламрави вилоят дар минтақаҳои тафреҳии шоҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Конибодом ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Ҷаббор Расулов як сислсила корҳои таблиғотиро роҳандозӣ намуданд.
Онҳо ҳамчунин дар мавриди омодагии тафреҳгоҳҳои вилоят ба мавсими оббозӣ ва фасли гарми тобистон санҷишҳо гузарониданд.