Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар доираи Барномаи “Огоҳкунии аҳолӣ аз хатари минаҳо” рӯзҳои 12-13-уми декабри соли 2024 дар Маркази таълимӣ-методии Раёсат бо иштироки 20 (бист) нафар афсарони шуъба ва бахшҳои Раёсат, сардорону афсарони шуъба ва бахшҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Панҷакент, Ашт, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Шаҳристон ва Исфара семинари омӯзишӣ баргузор кард.
Тибқи рузномаи семинар аз ҷониби ташкилкунандгон: намояндаи Кумитаи Байналмиллалии Салиби Сурх Исломҷон Ёқубҷонов, ҳамоҳангсози Кумитаи марказии Дастгоҳи иҷроияи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Улмасҷон Давлатов ва намояндаи минтақавии Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд Раънохон Камолова машғулиятҳо дар мавзуъҳои зерин гузаронида шуданд: “Ҳадафи асосии барнома дастовардҳо ва мушкилот”, “Конвенсияи СММ оид ба манъи истифода, захирасозӣ, истеҳсол ва таҳвили минаҳои зиддипиёдагард”, “Таъсири ҳолатҳои фавқулодда ба рафтори одамон”, “Қоидаҳои рафтори бехавф. Рафтори дуруст ва нодуруст дар минтақаҳои хавфнок”, “Ҳамкорӣ бо шарикон, мақомотҳои давлатӣ. Ҳамкорӣ дар сатҳи маҳал оид ба огоҳсозии аҳолӣ аз хатари минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ”, “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо. Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо”,”Расонидани кумаки аввалияи равонӣ”.
Мақсади гузаронидани семинари мазкур баланд бардоштани сатҳи дониши кормандони соҳаи ҳолатҳои фавқулодда оид ба хатари минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ барои минбаъд коҳиш додани сатҳи хатар дар миёни аҳолӣ мебошад.
Сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсат
Подполковник
Маликзода Д.М.