КҲФ: Рӯзҳои 20-22-уми декабри соли равон хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад!
Чоп шуд: 20/12/2024 | redaktorКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон аз 20 то 22 декабри соли 2024 дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд, дар шоҳроҳи Душанбе -Чаноқ (километрҳои 46 -84) ва дар манотиқи ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари лағзиши тарма, сангрезӣ ва яхбандӣ боқӣ мемонад.