Ҷаласаи ҷамъбастии Комиссияи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳияи Шаҳринав
Чоп шуд: 25/12/2024 | redaktorСубҳи рӯзи 24-уми декабри соли 2024 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ҷаласаи ҷамъбастии Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия бо иштироки раиси ноҳия, муовинон, аъзоёни Комиссия, роҳбарони корхонаю ташкилотҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, хоҷагиҳо, корхонаҳои коркарди регу шағал, раисони кӯчаю маҳаллаҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ ва иншоотҳои иқтисодии ноҳия баргузор гардид.