Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ аз 26 то 27 декабри соли 2024 дар натиҷаи номусоидии обу ҳаво, аз ҷумла набудани шамол ва боришот, афзоиши дамои ҳаво аз иртиқоъ дар кабати муайяни атмосфера, вуруди ҳавои ғуборолуд аз манотиқи ҷанубу ғарбӣ сабаби ҷамъ шудани олудагиҳо дар ҳаво мешавад.
Ҳамаи ин падидаҳо боиси олудагии ҳаво дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бо зарраҳои андозаи то 2,5 микрон (Рм-2,5) ва 10 микрон (Рм-10) мегардад.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳаолаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ хоҳиш мекунад бештар ба касони гирифтори бемориҳои дил, диабети қанд ва гипертония таваҷҷуҳ кунанд.
ЧАНД ТАВСИЯ БА АҲОЛӢ БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ҲОДИСАҲОИ НОХӮШ ДАР ЧУНИН ҲОЛАТҲО:
1. Бештари оби тоза нӯшед, ҳатто рӯзе на камтар аз 2-2,5 литр ва аз ин агар 0,5 литр оби минералӣ бошад, боз хубтар.
2. То ҳадди имкон тирезаҳои хонаатонро пӯшед. Агар шумо мехоҳед ҳавои хонаро тоза кунед, пас бидонед, ки бадтарин лаҳзаҳо соатҳои аввали субҳанд, вақте ҳамаи модаҳои муаллақи хатарнок ба нишаст ба замин мутамарказ мешавад. Наздик ба нисфирӯзӣ қисмати болоии замин гарм мешавад ва зери таъсири ҳавои гарм ин модаҳои муаллақ боло мераванд. Ғайр аз ин шумо метавонед тирезаҳои худро бо докка ва ё тур бипӯшед ва хатари вуруди ҳар гуна модаи хатарнок кам мешавад. Аммо ҳамвора онҳоро бояд намнок нигоҳ доред.
3. Ҳамешаву пайваста ҳавои дохили хонаро поку тоза нигоҳ доред, бо латтаи нарму нам тоза кардани фарш ва тирезаҳоро фаромӯш накунед.
4. Духтурон дар ин гуна рӯзҳо пӯшидани ҳар гуна айнакҳои иртиботиро иҷозат намедиҳанд.
Ба онҳое, ки гирифтори бемориҳои зиққи нафас ва роҳи нафасанд тавсия дода мешавад:
- меъёри доруҳои истеъмолиро дар ин рӯзҳо коҳиш надиҳед;
- ҳамеша бо худ ингляторҳо дошта бошем;
- агар талабот ба ингляторҳо аз 4-6 маротиба дар як рӯз зиёд шавад, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед.
Дар ҳоли пеш омадани ҳолати фавқулода ба телефони 112 ва ё дар қисми навбатдории КҲФ: 223-13-11; 93 880 28 19 занг занед.