Ноҳияи Варзоб натиҷаи фаъолият дар самти ҳолатҳои фавқулода дар соли 2024-ро ҷамъбаст кард
Чоп шуд: 23/12/2024 | redaktorРӯзи 23 декабри соли 2024 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ҷаласаи ҷамбастии соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ноҳия дар соли 2024 ва вазифагузорӣ барои соли 2025 баргузор шуд. Дар ҷаласа Раиси ноҳияи ВарзобХ. Дамонзода, Сардори Сарраёсати мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Х. Вализода, роҳбарони муассисаю ташкилотҳои ҳудуди ноҳия ва сардорони хадамоту зернизомҳо иштирок намуданд.