Рӯзи 23 декабри соли 2024 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ҷаласаи ҷамбастии соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ноҳия дар соли 2024 ва вазифагузорӣ барои соли 2025 баргузор шуд. Дар ҷаласа Раиси ноҳияи ВарзобХ. Дамонзода, Сардори Сарраёсати мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Х. Вализода, роҳбарони муассисаю ташкилотҳои ҳудуди ноҳия ва сардорони хадамоту зернизомҳо иштирок намуданд.
Оиди корҳои иҷрошуда дар соли 2024 доир ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣСардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Варзоб майор Ф.Маҳмадов баромад намуд.
Таваҷуҳи асосӣ ба пешгирии ҳолатҳои фавқулодда дода шуда, ҷиҳати дар соли 2025 ҷоннок намудани корҳои пешгирикунандаю соҳилбандӣ аз тарафи Раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Х. супоришҳои мушаххас дода шуд.
Сардори Сарраёсати мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Вализода Х. Дар суханронии худ таъкид намуд, ки соли 2025 машғулиятҳои мудофиаи гражданӣ ҷиҳати омода кардани аҳолӣ ба вокуниш ба ҳолатҳои гуногуни фавқулода афзуда шавад.