Мулоқот бо ҳайати БОР
Чоп шуд: 09/12/2024 | redaktorРаиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода 9 декабри соли 2024 ҳайати Бонки Осиёии Рушд (БОР)-ро таҳти роҳбарии ҷаноби Томас В. Кесслер – Мудири молии гурӯҳи бахши молии бонк ба ҳузур пазируфт.
Мақсади асосии вохӯрӣ баррасии ҳамкориҳои минбаъдаи КҲФ ва БОР дар татбиқи лоиҳаҳои оянда дар соҳаи мудирияти хатари офатҳои табиӣ дар кишвари мо буд.