Кумитаи ҳолатҳои фвқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки риояи қоидаҳои бехатарӣ дар фасли сард гарави аслии саломатӣ ба ҳисоб меравад. Аввалин барф ва нахустин рӯзҳои сардӣ ба қаламрави Тоҷикистон ворид шуд.
Маъмулан ҳавои сарду бориши барфу борон паёмадҳои ногувори зиёд доранд, ки яке аз он яхбандист. Лозим меояд беш аз дигар рӯзҳо дар рӯзҳои сард, ки замин ях баставу равуоро ба мушкил рӯбарӯ мекунад, эҳтиёткор буд.
Дар робита ба ин чанд маслиҳати муфидро ёдрас мекунем ва бовар дорем риояи ин тавсияҳо ҳамеша ба нафъ хоҳанд буд. Ин маслиҳатҳо ҳам ба ронандагон ва ҳам ба пиёдаравонанд.
- саросема нашавед, ҳангоми убур аз роҳ бадиққат бошед. Ба пиронсолон тавсия дода мешавад, ки асои резинӣ ё чӯбчаи махсусро бо хӯшаҳои кунҷдор истифода баранд.
- хеле ба оҳистагӣ роҳ равед, саросема нашавед! Пойафзоле пӯшед, ки лағжонак набошад. Надавед, махсусан дар болои ях, то сарозер нашавед ва лат нахӯред.
- бачаҳо беш аз ҳар вақти дигар эҳтиёт кунед. Дар роҳҳои лағжонаку хатарнок бозӣ накунед, ҳамеша ҳангоми ҳаракат дар чунин роҳҳо аз дасти калонсолон доред.
- падару модарон бояд дар рӯзҳои сард ба фарзандонашон бештар таваҷҷуҳ кунанд. Танҳо ба кӯча равон накунанд. Ҳангоми берун шудан аз хона либоси гарм пӯшонанд, то сармо нахӯранд ва касал нашаванд.
- мардону занони солманд дар чунин рӯҳо бояд бештар эҳтиёт кунанд. Хуб аст агар бидуни зарурат ба кӯча набароянд ва агар зарурате пеш омад, ки аз хона хорирҷ шаванд, бояд пойафзоле пӯшанд, ки дар як пояшон налағжад.
- аз шӯшаҳои овезони ях эҳтиёт кунед! Ҳаргиз аз зери девору дарахтоне, ки ин гуна шӯшаҳои овезонро мебинед, гузар накунед!
- бачаҳо ва мактаббачаҳо! Ҳаракат кунед аз ин гуна мавзеъ убур накунед ва агар хатаре аз бому деворҳо дидед, ҳатман ба калонсолон хабар диҳед!
- чун ҳамеша ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки ҳангоме, ки дар роҳҳои пурбарфу яхӣ ҳаракат мекунанд, эҳтиёткор бошанд. Хуб мебуд агар ронандагони бетаҷрибаву навкор дар чунин рӯзҳо аслан ронандагӣ накунанд. Шоҳидем, ки аксари садамаҳо бо айби ҳамин навронандагон сурат мегиранд. Пеш аз он ки ба роҳ бароед, аввал бубинед, ки чархҳои мошинатон ба ҳавои зимистону барфу ях муносибанд? Куҳна нестанд, фарсуда нашудаанд? Боз бубинед, ки барои дар роҳҳои яхиву барфӣ ҳаракат кардан, чӣ намерасад? Оё сӯзишвории эҳтиётӣ доред?
ДАР ЁД ДОШТА БОШЕД: риояи ин одитарин қоидаҳои бехатарӣ шуморо аз ҳар гуна нохушиҳо эмин нигоҳ медорад!дар ҳоли пеш омадани ягон ҳодисаи фавқулода ба Кумиӣтаи ҳолатҳои фавқулода бо рақами 112 занг занед ва кумак хоҳед!
Худ ва атрофиёнатонро эҳтиёт кунед!