Заминларза дар қаламрави кишвар. Талафоти ҷониву хисороти дигар нест
Чоп шуд: 10/12/2024 | redaktorБино ба гузориши Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 10-уми декабри соли 2024, соати 15:04 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.
Маркази ин зилзила 268 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 73 километрии ғарб аз ноҳияи Ишкошими ВМКБ дар қаламрави Афғонистон буд.
Бино ба гуфтаи манбаъ қувваи заминларза дар маркази он 3-4 балл ва дар ҳудуди шаҳри Хоруғи ВМКБ 2 баллро ташкил дод.
Ин заминларза талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар надошт.