Ҷаласаи ҷамъбастии Комиссияи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳияи Шаҳринав

Субҳи рӯзи 24-уми декабри соли 2024 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ҷаласаи ҷамъбастии Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия бо иштироки раиси ноҳия, муовинон, аъзоёни Комиссия, роҳбарони корхонаю ташкилотҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, хоҷагиҳо, корхонаҳои коркарди регу шағал, раисони кӯчаю маҳаллаҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ ва иншоотҳои иқтисодии ноҳия баргузор гардид. 

Ҷаласаро Раиси ноҳия-Раиси Комиссия Абдуқодир Вализода ифтитоҳ кард ва дар он ду масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тибқи рӯзнома аз рӯи масъалаи якум сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳия, подполковник Сангимад Камолзода доир ба ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти Бахш дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025 гузориши муфассал пешниҳод намуд.

Ҳамчунин, аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа ҳисоботи муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ - раиси Комиссияи эвакуатсионӣ Соҷида Ҳомидзода дар бораи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2018, №357 «Дар бораи Комиссияи эвакуатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳудуди ноҳия шунида шуд.

Пас аз шунидани гузориш ва баррасии масъалаҳои пешниҳод гардида, Раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия Абдуқодир Вализода оид ба иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода, ҷиҳати ташкил ва ба роҳ мондани захираҳои моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулода, ба роҳ мондани омӯзиши мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавкулода суханронӣ намуда, аз тамоми зернизомҳои ҳудудӣ ва зинавии ноҳия омодагии доимиро талаб намуд.

Дар охири ҷаласа раиси ноҳия ҷиҳати дастгирии ҳамешагӣ ва кӯмаку сафарбарии доимии техникаву воситаҳо барои пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳия ба раиси Кумитаи ҲФ ва МГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд. 

Дар фарҷом ба як чанд нафар фаъолон Сипосномаҳо тақдим карда шуд.

 

барчасп: